Фиреби даҳҳо муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои зудбоварӣ

migrantnews.info

Созмони ҷамъиятии “Этмос” дар Русия мегӯяд, соли гузашта 120 муҳоҷири тоҷик шикоят кардаанд, ки ба доми фиребгарон афтодаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соли 2018 бист дарсад бештар аст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, сафорати Тоҷикистон даҳҳо муроҷиати кумак барои ёфтани қаллобон гирифтааст. Муҳоҷирон чунин ҳолатро ба раҳмдилии худ рабт медиҳанд. Мақомот ба соддалавҳӣ ва зудбоварии онҳо.

Каримҷон Ёров, раиси созмони ҷамъиятии “Этмос” мегӯяд, ҳолатҳои фиреб хӯрдани муҳоҷирон дар ду соли ахир афзоиш ёфт. Ӯ гуфт, “ҳатто афроде ҳастанд, ки дар миёни муҳоҷирон дар бораи фавти ягон нафар хабари дурӯғ паҳн мекунанд ва гӯё барои фиристодани тобут ба Тоҷикистон кумаки пулӣ мехоҳанд”.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, моҳе то даҳ муроҷиат аз муҳоҷирони корӣ дар Русия дарёфт мекунанд, ки мавриди фиреб қарор гирифтаанд. Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 29-уми январ гуфт, аксар муҳоҷирони тоҷик раҳмдил ва зудбовар ҳастанд ва баъзан, бо он ки фиреб мехӯранд, вале ба мақомот муроҷиат намекунанд.

Дипломати тоҷик мегӯяд, аксар муҳоҷирон бе ягон асоси қонунӣ ба якдигар қарз медиҳанд ва ё ба нафаре бо ваъдае, ки кадом кореро барояшон анҷом медиҳад, пул медиҳанд. Ӯ гуфт, ҳолатҳое низ буд, ки як нафар бардурӯғ худро бемор вонамуд карда, ёрӣ пурсидааст ва муҳоҷирон даҳҳо ҳазор рубл додаанд.

Муҳоҷирони корӣ мегӯянд, воқеан чунин фиребгариҳоро аксаран мақомот дар доираи қонун ҳал карда наметавонанд ва аз ин рӯ, дар ин баробар, дар Русия гурӯҳҳое ҳастанд, ки мушкилро худсарона ё ба истилоҳ ба таври «самосуд» ҳал мекунанд.

Русия, кишварест, ки ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд. Шароити кори муҳоҷирони кории тоҷик сахт арзёбӣ мешавад ва аз ба доми фиребгарон афтодани онҳо низ зуд-зуд гузоришҳо нашр мешавад.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю