Шумори аҳолии доимии Русия соли дуюм инҷониб кам шуда, вуруди муҳоҷирон дигар коҳиши табиии аҳолиро ҷуброн намекунад. Шумори аҳолии кишвар то соли 2026 боз ҳам бештар кам шудан мегирад
Бино ба иттилои хабаргузории РБК бо истинод ба арзёбии пешакии Росстат (Агентии омори Русия), ба санаи 1 январи соли 2020 шумори аҳолии доимии Русия 146 млн 745 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо аввали соли 2018 он ба миқдори 35 ҳазору 622 нафар кам шудааст. Арзёбии минбаъда метавонад ба самти афзоиши ин нишондиҳанда тағйир ёбад. Аз соли 2009 то соли 2017 шумори аҳолии Русия мунтазам афзоиш меёфт, лекин соли 2018 бори нахуст тӯли 10 соли ахир ин шумор 99 ҳазор нафар кам шуд.
Сабаби асосии камшавии табиии аҳолии Русия, ки аз соли 2016 суръати бештар мегирад, камшавии таваллуд дониста мешавад. Аз 85 минтақаи Русия он дар 80-тоаш ба қайд гирифта шудааст. Вуруди муҳоҷирон камшавии табиии аҳолиро ҷуброн карда наметавонад. Дар ҳамин ҳол, имконоти таъмини афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби ҳавасмандсозии таваллуд дар кишвар маҳдуд аст, чунки шумори занони қобили синнусоли таваллуд дар Русия кам шуда истодааст. Аввали соли 2019 ин нишондиҳанда 35 млн. нафарро ташкил медод.
Моҳи апрели соли 2019 ҳукумати Русия хабар дод, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2018 дар ҳар кадоме аз сеюм минтақаи ин кишвар нишондиҳандаи маргу мир афзудааст.
Аз соли 2015 дар маълумоти омории идораи давлатӣ шумори аҳолии Қрим ба ҳисоб гирифта мешавад (наздики 2 млн нафар). Аз замони ба ҳайати Русия дохил шудани нимҷазира дар соли 2014, аҳолии он тақрибан 50 ҳазор нафар кам шудааст. Зимни ҳисоби маълумот Росстат нишондиҳандаҳои демографии нимҷазираро низ ба инобат мегирад, ки ба маълумоти умумии оморӣ таъсир расонида метавонад.