Дар Русия муҳоҷирони корӣ ба гузаштан аз муоинаи тиббӣ уҳдадор мешаванд

migrantnews.info

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия барои кор меоянд, уҳдадор мешаванд, ки аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова хабар дод.

“Барои таъмини амнияти кишвар зарур аст, ки аз ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз ҳама изи ангуштонашон гирифта шуда, дуюм, онҳо бояд маълумотномаи тиббӣ пешниҳод кунанд”, – гуфтааст Казакова зимни нишасти хабарии рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта.

Тавре хабаргузории Интерфакс иттилоъ медиҳад, ба гуфтаи ӯ, ҳар як хориҷие, ки ба Русия бо мақсади кор меояд, бояд аз комиссияи тиббӣ гузашта, дар бораи бемориҳои хатарноки сироятӣ надоштанаш маълумотнома пешниҳод намояд.

“Дар ин самт мо тағйирот дар қонунгузориро омода карда истодаем, ки дар он ҳамаи ин ҳолтаҳо зикр мегарданд”, – қайд кардааст Казакова.

Сардори раёсат шарҳ додааст, ки маълумотномаи тиббӣ пештар ҳам талаб карда мешуд, лекин акнун дар онҳо баъзе саҳеҳиҳо дарҷ хоҳанд ёфт.

Дар ин робита, масъалаи васеъ кардани номгӯйи категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ мавриди таҳия қарор дорад, ки барои муайян кардани дар онҳо мавҷуд набудани бемориҳои сироятӣ бояд аз муоинаи тиббӣ ва бақайдгирии биометрӣ гузаранд.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю