Осеби тоҷикон бар асари таркиши баллони газ дар Уралск

migrantnews.info

Бар асари таркиши баллон (зарф)-и газ дар шаҳраки Зачагански вилояти Қазоқистони Ғарбӣ се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон осеб диданд. Се мард захмҳои гуногуни сӯхта гирифта, дар бемористон қарор доранд.

Тавре портали “Мой город” хабар медиҳад, таркиш шоми рӯзи 30 январ дар кӯчаи Бекимов дар Зачаганск (тобеи шаҳри Уралск) рух додааст.

“Дар бинои ғайриистиқоматӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, яъне бо дастгоҳи газӣ гарм кардани баллони газ он таркида, девор чаппа шудааст. Дар майдони 89 метри мураббаъ ҳамчунин девор ва рӯйпӯши сақфи бино оташ гирифтааст. Сӯхтор аз ҷониби кормнадони Хадамоти оташнишонӣ хомӯш карда шуд”, – гуфтааст сардори Раёсати коҳиши хавфи офатҳо ва назорат дар соҳаи мудофиаи гражданӣ.

Ба гуфтаи ӯ, мардон аз таҷҳизоти газӣ гарм шуда, бо он баллони дуюми газро гарм карданӣ шудаанд, ки дар натиҷа он таркидааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки дар ин бино ба корҳои таъмир машғул будаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Раёсати тандурустии вилоят хабар додаанд, ки осебдидагон захмҳои сӯхта гирифтаанд.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю

Ахбори Азия-Плюс