Ҳалокати муҳоҷири тоҷик аз таркиши баллони газ дар Уралск

migrantnews.info

Шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон, ки бар асари таркиши баллони газ дар шаҳраки Зачагански вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ҷароҳат бардошта буд, субҳи рӯзи 31 январ дар бемористон ҳалок шуд.

Тавре портали “Мой город” бо истинод ба Раёсати тандурустии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ хабар медиҳад, пас аз рух додани ҳодиса осебдидагон дар беморхона бистарӣ шуда буданд.

– Коргари 21 сола бо 100% бадани сӯхта дарҳол дар шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия) бистарӣ шуд, лекин ҷароҳатҳояш хеле вазнин буда, соати 6-и субҳ ҳалок шуд. Боз як осебдидаи 17-сола 40% захми сӯхта гирифта, марди 21-солаи дигар захмҳои сӯхтаи сатҳи миёна гирифтааст. Ҳар ду дар бемористон бистарианд, – гуфтаанд дар Раёсат.

Ҳамчунин дар Раёсати тандурустии вилоят зикр кардаанд, ки ба осебдидагон тамоми кумаки зарурӣ расонида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Sputnik Тоҷикистон бо такя ба маълумоти хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, ки аз се нафаре, ки дар таркиши баллони газӣ дар Уралски Қазоқистон ҷароҳатдор шуданд, танҳо ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки таркиши баллони газ шоми 30-юми январ дар як бинои хусусӣ дар кӯчаи Бекимов дар Зачаганск (тобеи шаҳри Уралск) рух дода, 3 нафар осеб диданд. Дар бинои ғайриистиқоматӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, яъне бо дастгоҳи газӣ гарм кардани баллони газ он таркида, девор чаппа шуд. Дар ин бино онҳо ба корҳои таъмир машғул буданд.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю