Роҳнамо

Шартномаи меҳнатӣ: Он барои кӣ лозим аст ва чаро?

Шартномаи меҳнатӣ ҳуҷҷатест, ки байни коргар ва корфармо ба имзо расида, созишнома байни кирогир ва корҷӯй мебошад.

Тавре Migrant.ru иттилоъ медиҳад, лаҳзаҳои асосие, ки дар ин ҳолат шумо бояд бидонед:

  1. Шартнома ба ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, ки барои кор кардан патент дорад, яъне ба фаъолияти корӣ дар қаламрави Русия машғул аст, зарур аст.
  2. Агар ҳатто шумо барои худ / хешу ақрабоятон кор кунед ҳам, дар ҳама гуна ҳолат чунин шарнома зарур мебошад (115-ҚФ моддаи 113.3, банди 7).
  3. Бидуни шартнома дароз кардани муҳлати патент ғайриимкон мебошад.
  4. Дароз кардани муҳлати бақайдгирӣ ҳам имкон надорад.

Барои надоштани шартнома шумо чунин ҷазоҳо гирифта метавонед:

– Ҷарима аз 2000 рубл.

– Бекор шудани патент.

– Ғайриимкон шудани дароз кардани муҳлати бақайдгирӣ ва патент.

Ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо чӣ гуна анҷом дода мешавад:

  1. Шартнома дар ду навъ баста шуда метавонад: меҳнатӣ ва шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ (ба таври дигар боз шартнома барои хизматрасонӣ).
  2. Пас аз 2 моҳи гирифтани патент барои кор ба имзо мерасад.
  3. Баъди имзои шартномаи дуҷониба дар муддати 3 рӯз ба Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД дар бораи қабули шаҳрванди хориҷӣ ба кор огоҳинома фиристода мешавад.
  4. Зимни қатъ шудани шартнома низ бояд чунин огоҳинома фиристода шавад. Агар огоҳинома пешниҳод нагардад, мувофиқи моддаи 18.15 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ФР дар ҳаҷмҳои зерин ҷарима таъин карда мешавад:

– 5000 – 7000 рубл барои шаҳрвандони хориҷӣ;

– 35000 – 70000 рубл барои шахсони мансабдор;

– 400000 – 1000000 рубл барои шахсони ҳуқуқӣ ё боздошти фаъолият ба муддати аз 14 то 90 рӯз.

  1. Ҳангоми имзои шартномаи меҳнатӣ шаҳрванди хориҷӣ уҳдадор аст, ки нусхаи онро ба мақомоти давлатӣ пешниҳод намояд.

Поделиться:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.