Муҳоҷирон аз Тоҷикистон барои пулкоркунӣ бештар ба Русия мераванд ва бо назардошти вазъи иқтисодӣ дар ин кишвар, ин тааҷубовар нест.
Тавре нашрияи Газета.ру менависад, коршиносон мегӯянд, сарфи назар аз афзоиши баланди иқтисод, агар бо коррупсия муборизаи беамон бурда нашавад, вазъият дар ин кишвар бетағйир боқӣ мемонад ва ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои нодортарин дар паҳнои ИДМ арзёбӣ мешавад.
Мувофиқи маълумоти Бонки марказии Русия, дар муқоиса бо солҳои пешин шумори вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия 31 ҳазор афзуда, дар ин муддат тоҷикистониён ба ватан ва оилаҳои худ 2,6 млрд (як интиқол ба ҳисоби миёна – 128 доллар) пул фиристодаанд.
Бо вуҷуди сангинтар шудани талабот нисбати муҳоҷирон, Русия барои тоҷикистониён то ҳол кишвари ҷолиб аст, чунки ин ҷо ҳам дар сатҳи расмӣ ва дар иқтисоди пасипарда низ метавон кори нисбатан маошаш баландро дарёфт намуд, мегӯяд таҳлилгари “Алор” Алексей Антонов.
«Вазъият дар иқтисоди Тоҷикистон чун дар аксари кишварҳои ИДМ чандон қаноатбахш нест: истеҳсолнокии пасти меҳнат, мавҷуд набудани афзоиши даромади аҳолӣ ва хатарҳои баланди коррупсионӣ”, – изҳор доштааст Антонов.
«Имрӯз Тоҷикистон яке аз кишварҳои қашшоқтарини ИДМ аст. Ҳатто Украина ва Молдова айни замон хубтар зиндагӣ мекунанд – ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон айни замон ҳамагӣ 3,5 ҳазор доллар дар як сол ва сатҳи бекорӣ 8-9%-ро ро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, қисмати зиёд – то 40%-и ҳамаи маблағи иқтисодро пулҳои фиристодаи муҳоҷирони меҳнатӣ, асосан аз Русия ташкил медиҳанд”, – гуфтааст Нарек Авакян, сардори шуъбаи сармоягузории “БКС Брокер”.
Авакян изҳор доштааст, ки чун дар Тоҷикистон сатҳи коррупсия хеле баланд аст, аз ин рӯ, сатҳи рушди ниҳодҳои шаҳрвандӣ ва иқтисодӣ дар кишвар хеле паст ва бидуни дастгирӣ дар сатҳҳои олии давлатӣ, ба сармоягузоргн ҳеҷ кафолате вуҷуд надорад.
Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, қарзи хориҷии Тоҷикистон хеле зиёд (2,9 млрд доллар) буда, ба зиёда аз 50% нисбати ММД мерасад ва ин қарз аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ (облигатсияҳо) дар бозорҳои байнулмилалӣ ба вуҷуд омадааст.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи Авакян, ба ҷуз дар чаҳорчӯби ИДМ, Тоҷикистон ба ҳеҷ яке аз иттиҳоди бузурги ҳамгироӣ шомил набуда, дар натиҷа дар афзоиши савдои хориҷӣ ва ҷалби сармоягузорӣ монеаҳо ба вуҷуд меоянд, ки вазъиятро боз ҳам мушкилтар месозанд.
«Шомил гардидани Тоҷикистон ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО, ЕАЭС) ё густариши бештари ҳамкориҳо бо Чин метавонист ба рушди иқтисоди ин кишвар мусоидат намояд, лекин бидуни ислоҳоти заминавӣ, ноил гардидан ба ягон пешрафте дар иқтисод ба гумон аст”, – чунин мешуморад ӯ.
Коршинос Алексей Антонов гуфтааст, нисбати Тоҷикистон Русия худро иттифоқчӣ ва шарики стратегӣ дониста, давлатҳо дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон, сохтмони иншооти бузурги энергетикӣ ва иҷтимоӣ, комплекси агросаноатӣ ҳамкории густарда доранд.
“Дар қаламрави Тоҷикистон ба сурати умум ҳади ақал дар 300 корхона сармояи Русия вуҷуд дорад ва ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо тадриҷан афзоиш ёфта, ба нишондиҳандаи 1 млрд доллар наздик мешавад.
Ба ақидаи Антонов, дар ҳамин ҳол, бидуни такони ҷиддӣ аз ҷониби худи Тоҷикистон ин ҳамкорӣ ба беҳбуди иқтисоди Тоҷикистон ба таври назаррас мусоидат карда наметавонад ва танҳо барои дар ҳамин сатҳ нигоҳ доштан “дастгирӣ мекунад”-у халос.