Тоҷикистон муҳоҷирони кориро ба Аврупо мефиристад

migrantnews.info

Муҳоҷирони тоҷик барои худ кишварҳои навро боз мекунанд. Барои дарёфти кор онҳо ба Туркия ва Лаҳистон (Полша) рӯ меоранд. Барои дарёфти кор дар ин кишварҳо ба онҳо Агентии назди Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ кумак мекунад.

Тавре хабаргузории “МИР 24” иттилоъ медиҳад, Кароматулло Маҷидов бори аввал нест, ки бо ёрии Агентии таъмин бо шуғл дар хориҷа кор меёбад. Чанде қабл аз Туркия баргашта, он ҷо дар меҳмонхона ду сол кор кард. Мавсими сайёҳӣ ба охир расида, акнун барои дидорбинии оилааш омадааст.

«Ба ҷуз кор, ман бо фарҳанги мардуми кишварҳои дигар аз наздик ошно мегардам. Расму оин ва анъанаҳои мардуми Туркия бароям хеле шавқовар аст. Муддати ду сол дӯстоне пайдо кардам, ки акнун баргаштани маро интизоранд”, – нақл кардааст муҳоҷир Кароматулло Маҷидов.

Пеш аз ба кишварҳои дигар ба кор рафтан муҳоҷирони меҳнатӣ аз давраҳои омӯзишӣ (курсҳо) мегузаранд. Саид Лоҳурзода айни замон забонҳои англисӣ ва туркиро меомӯзад. Сипас касби кор дар меҳмонхонаҳоро азхуд мекунад.

«Баъди анҷоми курсҳо бовар дорам, ки корфармо аз ман қаноатманд мешавад. Ман ҳамчун мутахассиси тайёр бо донистани забону кор меравам. Барои муваффақ шудан ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳам дод”, – иброз доштааст муҳоҷир Лоҳурзода.

Ба ҷуз бахши сайёҳӣ, дар соҳаи саноат низ ба кормандон талабот вуҷуд дорад. Дар Лаҳистон (Полша) чунин талабот дар корхонаҳои коркарди гӯшт мавҷуд аст. Дар ин ҷо танҳо донистани забони русӣ кофӣ буда, бо дигар корҳо дар худи корхона шуморо меомӯзонанд.

«Музди меҳнат гуногун аст. Туркия бо хӯрок, иқомати бепул, маоши 400 доллар ва сафар бо ҳавопайморо таъмин мекунад. Дар Лаҳистон низ ҳамин тавр аст: сафар бо ҳавопаймо аз ҳисоби корфармо, иқомати бепул ва таъминот бо ғизо ҳам ройгон мебошад. Ҳаҷми музди меҳнат 35 сент дар як соатро ташкил медиҳад”, – изҳор доштааст сармутахассиси Агентии таъмин бо шуғл дар хориҷи кишвар Дилбар Раҳмонова.

Агентии мазкур ба муҳоҷирон ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки ҳуқуқҳои онҳо дар хориҷа поймол мешаванд, кумак мекунад. Тӯли се сол дар Туркия наздики 500 нафар ва дар Лаҳистон (Полша) зиёда аз 100 нафар бо кор таъмин шудаанд.

мубодила кардан:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on telegram
Share on vk
Share on odnoklassniki

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю

Ахбори Азия-Плюс