Путин ба роҳандозии ислоҳот дар бахши муҳоҷират дастур дод

migrantnews.info

Президенти Русия Владимир Путин номгӯи дастурҳо оид ба қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро тасдиқ кард.

Тавре хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, ҳадафи ислоҳот дар сиёсати муҳоҷират ташаккули вазъияте барои муҳоҷирон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои Русия бошад, унвон шудааст, зеро қоидаҳои мавҷуда дар ин самт начандон аёну возеҳ ва якхелаанд.

Се тарзи қабул ба шаҳрвандӣ

Дар ислоҳот ҷорисозии се тарзи қабул ба шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст: умумӣ, содашуда ва махсус. Тарзи умумӣ нисбати шахсоне корбурд мешавад, ки барои қабул бо шакли содашуда ва махсус асос надоранд. Барои гирифтани он донистани забони русӣ, доштани муҳлати муайяни иқомат дар қаламрави Русия, ҳамчунин уҳдадории риояи қонунгузории ин кишвар зарур аст.

Тарзи содашуда нисбати шаҳрвандоне истифода мешавад, ки аз кишварҳои аз лиҳози иҷтимоӣ ва фарҳангӣ наздик ба Русия омадаанд.

Тарзи содашуда танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ истифода бурда мешавад.

Реҷаи ҳузури дарозмуҳлат дар Русия

Мувофиқи консепсияи нав, реҷаи ҳузури дарозмуҳлат дар Русия (зиёда аз 90 рӯз) барои хориҷиён ягона мешавад. Бидуни ба расмият даровардани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ), таҳсилу кор кардан имконпазир мешавад.

Барои ба даст овардани ҳуқуқи зиндагӣ дар Русия ба қайд гирифтан ва тасдиқ кардани аккаунт дар низоми давлатии иттилоотӣ, пешниҳоди маълумоти шахсии биометрӣ ва гирифтани ҳуҷҷати ягонаи электронӣ зарур аст.

Истифодаи васеи биометрия

Ғайр аз ин, барои муайян кардани шахсияти шаҳрвандони хориҷӣ васеъ кардани истифодаи маълумоти шахсии биометрӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин ба зарурати истифодаи васеи маълумоти шахсии биометрӣ ва технологияи кор бо он ҷиҳати санҷиш ва муайян кардани шахсияи хориҷииён зимни гузаштан тариқи сарҳад, пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ё тадбирҳои назоратӣ ишора шудааст.

Шаҳрвандии Русия

Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев изҳор доштааст, ки соли 2019 қариб ним миллион нафар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ки тайи 10 соли охир ба ҳисоби миёна ду баробар зиёдтар аз нишондиҳандаи солона мебошад.

Ба гуфтаи вазир, бо мақсади анҷоми амалҳои башардӯстона ба категорияҳои ҷудогонаи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла сокинони вилоятҳои Донетск ва Лугански Украина тартиби қабул ба шаҳрвандии Русия содатар карда шуд. Ин тартиб барои мутахассисони соҳибтаҷрибаи хорииҷӣ низ содатар карда шуд, ки барои онҳо муҳлати ҳадди ақали фаъолият аз рӯйи касб кам шуд.

Қаблан раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба робита бо ҳамватанон Леонид Калашников (ҲКФР) изҳор дошт, ки ояндаи наздик ба парлумон лоиҳаи қонун дар бораи тағйирот дар қоидаҳои гирифтани шаҳрвандии Русия аз ҷониби ҳамватанон ворид мешавад.

Вакили Дума зикр кард, ки тағйирот ба гирифтани шиносномаи Русия бидуни даст кашидан аз шаҳрвандии он кишваре, ки шаҳрванд айни замон дар он зиндагӣ мекунад, имкон дода, ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳое, ки дар он ҷо русҳо зиёд зиндагӣ мекунанд, метавонанд бо тарзи содашуда – исбот накардани вазъи моддӣ ва панҷ сол зиндагӣ накардан дар қаламрави Русия шаҳрвандии ин кишварро соҳиб шаванд.

мубодила кардан:

ШАРҲ ГУЗОРЕД

Your email address will not be published.

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Самое читаемое за неделю