Дар Тотористон арзиши патентро барои муҳоҷирон афзуданианд

Дар Тотористон арзиши патент барои шаҳрвандони хориҷиро аз 3 ҳазору 662 рубл то ба 3 ҳазору 847 рубл боло бурданианд, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Татар-Информ».
Соли гузашта ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷети Тотористон аз ҳисоби фурӯши патент ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Тотористон хоҳиши кор кардан доштанд, 684 млн. рубл ва ба санаи 1 августи соли равон – 438 млн. рублро ташкил дод. Дар ин бораи зимни ҷаласаи Кумитаи Шӯрои давлатии Тотористон оид ба буҷет, андоз ва молия, муовини вазири меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ Клара Тазетдинова хабар додааст.
Вакилони парлумон лоиҳаи қонун дар бораи муқаррар кардани нишондиҳанда (коэффисиент)-и минтақавӣ дар соли 2019-ро баррасӣ карданд, ки махсусиятҳои бозори кори Тотористонро таҷассум мекунад.
«Фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо тартиби бидуни раводид (виза) ба ҷумҳурии мо омадаанд, бар асоси патент амалӣ мешавад”, – хотиррасон кардааст Тазетдинова.
Ба гуфтаи ӯ, пешниҳод мешавад , ки дар соли 2019 коэффисиенти минтақавӣ барои пардохти андоз аз даромад барои муҳоҷирони корӣ аз 1,81-и имсола то ба 1,83 боло бурда шавад.
«Ҳамин тариқ, соли оянда патент 3 ҳазору 847 рубл нарх хоҳад дошт. Ҳамаи маблағи ҷамъоваришуда ба буҷет ворид мегардад”, – шарҳ додааст муовини вазири меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Тотористон.
Ӯ ҳамчунин маълумот додааст, ки наздики 28 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ айни замон бо патент дар Тотористон кор мекунанд. “Коэффисиенти минтақавӣ ба субъект ҷиҳати танзими воридшавии муҳоҷирон низ ҳуқуқ медиҳад”, – таъкид доштааст Тазетдинова.
Вакилони Кумита аз пешниҳоди Вазорати меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Тотористон дар бораи афзоиши коэффисиенти минтақавӣ ҷонибдорӣ намудаанд.
Коэффисиенти минтақавӣ дар Чувашия – 2, Мордовия – 1,94, Марий Эл – 1,84, Бошқирдистон – 1,73 ва Удмуртия -1,80-ро ташкил медиҳад.