Раёсати ВКД дар шаҳри Нижний Тагил ҳамроҳ бо хизматчиёни Гвардияи Россия (Росгвардия) дар мавриди ошкор намудани шахсоне, ки дар самти муҳоҷират ба қонуншиканӣ даст задаанд, амалиёт мегузаронад. Аллакай 75 нафар қонуншиканон ошкор гардида, чандин касонро ҷарима ва ихроҷ бо қарори суд интизор аст.
Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти шуъбаи ВКД «Нижнетагилское», дар доираи амалиёти пешгирии «Муҳоҷири ғайриқонунӣ» дар Нижний Тагил кормандони Раёсати ВКД дар мавриди аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ риоя шудани қонунгузории муҳоҷирати Русия амалиёт мегузаронанд, ки ба тақвияти назорат дар ин самт нигаронида шудааст.
Гуфта мешавад, кормандони пулис бо мақсади огоҳӣ ва пешгирии ҳузур ва фаъолияти ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ҷойҳои зисти оммавии муҳоҷирон, иншооти сохтмон, зербинои нақлиёт, саноат, хоҷагии манзилию коммуналиро тафтиш мекунанд.
Зимни санҷиш дар яке аз иншооти сохтмон наздики 30 шаҳрванди хориҷӣ дар ҷойи кор ҳузур дошта, маълум шудааст, ки ҳамаи онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳузур ва фаъолияти қонуниро бо худ доранд.
Ҳудуди 10 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба шуъбаи пулиси №19 ҷиҳати муайян кардани аслӣ будани ҳуҷҷатҳояшон оварда шудаанд. Боқимонда ба корашон дар иншоот идома додаанд.
Ба қавли яке аз намояндагони мақомоти пулиси шаҳр Руслан Салимов, қаблан низ дар ҳамин иншоот як қатор қонуншиканиҳо дар самти муҳоҷират ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа ҳам шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳам корфармо низ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда будаанд.
Зикр мегардад, ки зимни амалиёт кормандони пулис дар маҷмӯъ беш аз 400 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, 185 иншоот, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ кор мекунанд ва беш аз 50 ҷойи зисти оммавии хориҷиёнро мавриди санҷиш қарор додаанд.
Дар масъалаи риоя нашудани реҷаи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия 75 қонуншиканӣ ва дар мавриди вайрон шудани қоидаҳои ҷалб ва истифодаи қувваи кории хориҷӣ 30 қонуншиканӣ ошкор шудааст.
Доир ба далелҳои бақайдгирии қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ мавод нисбати 6 шаҳрванди хориҷӣ ҷиҳати қабули қарор дар бораи ихроҷ кардани онҳо берун аз ҳудуди Русия ба суд фиристода шудааст.