Дар Маскав курсҳои бепули омӯзиши забони русӣ оғоз мегарданд, ки бегоҳиҳо як маротиба дар як ҳафта баргузор мешаванд. Тавре дар сомонаи Китобхонаи марказии ба номи Н.А.Некрасов қайд мешавад, барномаи омӯзиши забони русӣ дар ин курсҳо аз сатҳи ҳадди ақали гуфтугӯи шифоҳӣ шурӯъ мешавад. Ғайр аз ин, хоҳишмандон метавонанд худро ба курсҳои омӯзиши забони англисӣ низ номнавис кунанд.
Омӯзгорони давраҳои омӯзишӣ ихтиёриёне хоҳанд буд, ки дар пойтахти Русия кору зиндагӣ карда, ба мушкилоти забони русиро донистани муҳоҷирон, ки аксаран ҳангоми омадан ба Русия дар гуфтугӯ душворӣ мекашанд, бетараф нестанд.
«Барномаи курсҳо аз ду қисмат – русӣ ва англисӣ иборат буда, ба ҳалли мушкилоти асосии муошират дар муҳити нави забониву фарҳангӣ нигаронида шудааст. Курсҳои мо аз фаъолона васеъ кардани истифодаи луғатҳо, беҳтар намудани саводнокии шифоҳӣ ва хаттӣ, ҳамчунин дар баробари ин шиносоӣ пайдо кардан бо матнҳои зарурии адабӣ иборат аст», – қайд мекунанд ташкилкунандагони курсҳо.
Оғози курсҳо аз 28 марти соли 2018.
Машғулиятҳо рӯзҳои чоршанбе гузаронида мешаванд:
Англисӣ — 20:00
Забони русӣ — 21:00
Ҷойи баргузории дарсҳо:
Кӯч. Бауманская, 58/25 с14
Китобхонаи ба номи Н.А. Некрасов: синфи 503-юм