Дар яке аз шуъбаҳои Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия дар вилояти Маскав эълоне овехта шуд, ки дар он гуфта мешавад, шаҳрвандони хориҷиро беҳтар аст, ки мувофиқи имкон аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд. Акси ин эълон дар гурӯҳи «Таджикистан» вКонтакте нашр шуд.
Дар эълон қайд мешавад, ки аз 25 апрел то 25 июл дар шаҳр ва вилоятиМаскав дар робита ба баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол FIFA 2018, ки аз 14 июн то 15 июли соли 2018 дар Русия доир мегардад, назорати ҷараёни муҳоҷират пурзӯр мешавад.
«Дар ин давра ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ рӯзона дар кӯчаҳо маҳдуд шуда, шабона тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати санҷиши ҳуҷҷатҳо дар хонаи маҳалли зисташон қарор дошта бошанд», – қайд мешавад дар эълон.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ин давра ба қайди муҳоҷират гузоштан қариб ғайриимкон шуда, дар ин робита чунин тавсияҳо дода мешавад:
- Шаҳрвандони хориҷие, ки бар асоси патент кор мекунанд, боҷи давлатиро ба муҳлати ҳадди ниҳоии имконпазир, хубтараш то моҳи август пардохт намуда, таъҷилан то 26 март ҳуҷҷатҳояшонро барои дароз кардани қайд пешниҳод намоянд.
- Шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) то 26 март ҳуҷчатҳояшонро барои дароз кардани муҳлати қайд пешниҳод кунанд.
- Хуб мешуд, агар шаҳрвандони хориҷӣ дар давраи зикршуда сарҳадро убур накунанд.
Мутаассифона, дарёфти тасдиқи расмии ин маълумот муяссар нашудааст. Дар сомонаи ВКД Русия дар ин бора маълумот нест.
Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2017 президенти Русия Владимир Путин «Дар бораи ҳолатҳои хоси истифодаи тадбирҳои пурзӯр дар давраи баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол FIFA 2018 ва Ҷоми Конфедератсияи FIFA 2017 дар Русия» фармон ба имзо расонид. Бар асоси ин фармон қарор шуд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки аз 25 май то 25 июли соли 2018 ба шаҳрҳои баргузории бозиҳои Чемпионати ҷаҳон меоянд, дар муддати як шабонарӯз бояд худро ба қайд гузоранд.
Шаҳрҳое, ки дар онҳо бозиҳои Чемпионати ҷаҳон гузаронида мешаванд: Москва, Калининград, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови лаби Дону, Сочи ва Екатеринбург.
Вобаста ба фармони содиршуда, муддати тамоми ин рӯзҳо ҳамаи воҳидҳои ВКД Русия оид ба масоили муҳоҷират дар шаҳрҳои зикршуда шабонарӯзӣ ва бидуни рӯзҳои истироҳат кор мекунанд.