Барои гирифтани шаҳрвандии Русия паси сар намудани ҷараёни тӯлонӣ ва сабру таҳаммул лозим аст. Донистани забони русӣ шарти ҳатмист ва ҳангоми гирифтани Иҷозати зисти муваққатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) ва албатта гирифтани шаҳрвандӣ аз он имтиҳон месупоред. Муваффақона супурдани имтиҳон шуморо ба гирифтани шаҳрвандӣ наздиктар мекунад.
Тест аз забони русӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия аз 5 субтест иборат аст, ки ба воқеъбинона баҳогузорӣ ба номзад кумак мекунад:
Лексика. Грамматика (85 вазифа);
Хониш (15 вазифа);
Аудио (овозӣ) (15 вазифа);
Имло (3 вазифа);
Талаффуз (5 вазифа).
Мувофиқи қоидаҳо як субтестро шумо бояд дар 45 дақиқа гузаред, ба тамоми тест 3,5-4 соат вақт меравад, балли гузариш ҳадди ақал 66% ҷавобҳои дуруст ба ҳар як субтест.
Аз тести лексика ва грамматика, ки аслан аз 85 савол иборат аст, мо ҳамагӣ ҷавоб ба 20 саволро пешниҳод мекунем. Ин кофист, то ки шумо бифаҳмед, ки оё ба ҳамаи саволҳо ҷавоб дода метавонед ё не.
Қобили зикр аст, ки супурдани тест ва исботи забондонӣ ба мардони аз 65-сола ва занони аз 60-сола калонтар лозим нест. Ҳамчунин ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар он ҷо русӣ забони давлатист, низ супурдани тест зарур нест. Тоҷикистон бартарияти дигар дорад – байни кишварҳои мо созишномаи душаҳрвандӣ амал мекунад, аз ин рӯ, даст кашидан аз шаҳрвандии Тоҷикистн ба шумо лозим намеояд.
Агар шумо патент гирифтанӣ бошеду аз забони русӣ имтиҳон супурдан лозим ояд, ҳатман маводи мо: Имтиҳон аз забони русӣ барои муҳоҷирро хонда, барои гирандагони патент аз тест гузаред. Тест барои муҳоҷирон. Оё дар Русия патент гирифта метавонед?
Хоҳишмандем, ки дар шарҳҳо ба мо маълум намоед: аз тест гузаштед ё не ва оё он барои шумо душвор буд?
1 шарҳ
Было не сложно