Зимни муноқишаву ҷанҷоли оммавии муҳоҷирон дар як сохтмони шаҳри Краснодар арматураву санг ва чӯбдастҳо ба кор рафта, яке аз муҳоҷирон ин задухӯрдро наворбардорӣ кардааст, хабар медиҳад Вести.ру.
Дар Раёсати шаҳрии ВКД қайд кардаанд, ки муноқиша дар майдони сохтмони маҷмааи иқоматии «Тургенев» байни муҳоҷирони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ рух додааст. Дар бораи сабабҳои сар задани муноқиша маълумот дода намешавад.
Сабаби муноқиша ва шумори осебдидагон номаълум боқӣ мемонад, ҳеҷ кадоме аз иштирокчиёни муноқиша (онҳо беш аз 20 нафар будаанд) ба бемористон ё мақомоти пулис муроҷиат накардааст.
Баъди нашри мавод шоми рӯзи 4 апрел намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 49 нафар муҳоҷирони машғули кор дар сохтмонро ба шуъбаи пулис оварда, худи ҳамон рӯз ҷавоб додаанд, зеро ҳуҷҷатҳои ҳамаи онҳо дуруст буда, барои кор дар Русия патент доштаанд.