Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 дар Русия ним шуда, акнун дар авҷ аст. Муҳоҷирон сангинтар шудани баъзе қоидаҳои риояи тартиботро эҳсос мекунанд ва шумо бояд бидонед, ки ин табиист, зеро ҳукумати кишвари мизбони чемпионат уҳдадор аст, ки амнияту тартиботро барои хориҷиён таъмин кунад, лекин ин маънои онро надорад, ки шуморо беасос боздошт кунанд.
Ҳарчанд бисёре аз ташкилотҳо ва ҳатто сафорати Тоҷикистон дар Русия худдорӣ аз сафар ба Русияро дар давраи чемпионат барои хатари ихроҷ тавсия дода бошанд ҳам, лекин аксарият дар Русия ба кори худ идома дода, дигарон низ бо асоси риояи қоидаҳои дар ин давра ҷоришуда барои кор ба ин кишвар меоянд.
Вазъ ҳама ҷо ором аст
Раиси Асотсиатсияи халқҳои Урал ва раиси Шӯрои «Ҷамъияти фарҳанги тоҷикон» «Сомон» Фаррух Мирзоев дар мусоҳиба ба Muhojir.news.tj қайд кард, ки дар яке аз шаҳрҳои мизбони футбол – Екатеринбург вазъ дар ҳама ҷо орому сокит буда, ҳеҷ гуна бетартибиҳо ё боздошти оммавии муҳоҷирон ба мушоҳида нарасидааст, ҳарчанд рейдҳои санҷиши ҳузури ғайриқонунии муҳоҷирон зиёд шудааст.
«Таври маъмул ҳангоми рӯйдодҳои бузург тадбирҳои амниятӣ пурзӯр мешаванд – посбонии шабонарӯзӣ, ҳамаи иншооту биноҳои зисту таъиноти дигар санҷида мешаванд. Усули 100 км минтақаи дуртар амал мекунад, ҳамаи автобус, автомашина, хонаҳо ва дигар иншооти боқимонда новобаста аз дар он зиндагӣ кардани муҳоҷир ё шаҳрванди хориҷӣ санҷида мешавад. Айни замон дар қабулгоҳи махсуси Екатеринбург 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, ки барои риоя накардани қоидаҳои ҳузур хориҷ шуданро интизоранд», – гуфт ӯ.
Мирзоев эътироф намуд, ки ӯ боздошт ва ихроҷии бештар бузургмиқёси муҳоҷиронро интизорӣ дошт, вале хушбахтона, вазъ чунин сурат нагирифт.
«Агар ҳуҷҷатҳои омадагон дуруст бошад,онҳо бе ҳарос метавонанд дар шаҳр сайругашту корҳои худро ба анҷом расонанд, касе ба онҳо чизе намегӯяд. Ҳамаро татфиш мекунанд, ин уҳдадории пулис аст, аз ин рӯ, агар ҳуҷҷатҳоятон дуруст бошанд, аз санҷиш наметарсед», – мегӯяд номбурда.
Ҳамчунин раиси Асотсиатсияи халқҳои Урал ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва кулли муҳоҷирон боисрор тавсия медиҳад, ки бе доштани шиносномаи мухлис кӯшиши ба варзишгоҳҳо, ки дар онҳо бозиҳо мегузаранд, даромаданро накунанд ва худро аз издиҳом канор гиранд.
«Барои ҳамаи хоҳишмандон минтақаҳои мухлисон ташкил шудаанд, ки метавон бароҳат дар он ҷо бозиро тамошо кард. Агар дар издиҳом хушунатро пай бурдед, фавран ин ҷойро тарк намоед, зеро бо боздошти саркардагон шуморо ҳам метавонанд ба шуъба бурда, дар иштирок айбдор кунанд ва дар он чизеро исбот кардан мушкил мешавад», – тавсия медиҳад ӯ.
Қайди муҳоҷиратро бисанҷед
Дар ин маврид ҳомии ҳуқуқ Ботирҷон Шерматов тавсия медиҳад, ки агар шумо ба дар муддати се рӯз ба қайд гузоштан дар яке аз 11 шаҳри баргузории бозиҳо фурсат наёфтед, бе ҳарос дар шаҳри ҳамсоя, масалан дар вилояти Маскав худро ба қайд монед.
«Дар дигар минтақаҳо муҳлати ба қайд гузоштан бидуни тағйир – 7 рӯз ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон – 15 рӯз боқӣ монд. Дар шаҳри дигар худро ба қайд гузоред, баъд дарҳол мувофиқи хоҳиш метавонед дар шаҳри бароятон зарурӣ худро ба қайд гузоред, масалан дар Маскав ва баъдан патент бигиред», – шарҳ медиҳад номбурда.
Муҳим будани санҷиши қайди муҳоҷират дар пойгоҳи маълумоти ВКД Русияро Шерматов оддӣ шарҳ медиҳад – агар барои гум нашудан шумо бо ҳуҷҷатҳои аслиатон гаштугузор карданӣ набошед, метавонед нусхаи ҳуҷҷатҳоятонро бо худ бигиред ва дар ҳамин ҳол, шумо дилпур хоҳед буд, ки дар пойгоҳи маълумоти ВКД сабт шудаед ва ҳангоми санҷиш корманди пулис дарҳол онро санҷидаву муайян мекунад.
Давраи душвор
Реҷаи пурзӯри амният дар Русия то 25 июл идома меёбад ва аз ин рӯ, муассиси портали Migranto.ru Светлана Саламов дар мавриди ба расмият даровардани қайди муҳоҷират ва набудани ҷониби қабулкунанда, чанд рӯз дар меҳмонхона, осоишгоҳ, хонаи истироҳат, хостел ё хобгоҳ ҷой гирифтанро тавсия медиҳад.
Ба шаҳрвандони Озарбойҷон, Молдова, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки барои гирифтани патент ба Маскав омадаанд, ӯ дарҳол рафтан ва Макркази бисёрсоҳавии муҳоҷират ба Сахзарово ё ҷустуҷӯи ҷониби қабулкунанда дар шаҳр ё вилояти ҳамсояро мувофиқи мақсад медонад.
Саламова боисрор муроҷиат ба миёнаравҳоро тавсия намедиҳад, зеро онҳо дар давраи баргузории Чемпионат хеле фаъол шуда ва бидуни ин давра ҳам ба онҳо бовар кардан нашояд.
Боз як қоидаи дигарро муҳоҷирон бояд донанд – агар шуморо боздошт карданд, фавран дар ин бора ба хешону наздикон ва дӯстон, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносони хизматгузориашон бепул хабар диҳед. Ному насаб, санаи таваллуд ва номи шуъбаи корҳои дохилиро, ки шуморо он ҷо бурдаанд, тариқи смс-паёмак ирсол кунед.
Бинобар ин, хомӯш нишастану баҳри беҳбуди вазъи худ чора наандешидан лозим нест. Агар хешу дӯстон набошанд, ки ба муҳоҷир кумак кунанд, телефонҳои ҳомиёни ҳуқуқро бо худ доштан лозим аст.
Тарзҳои робита бо Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия, Намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии Тоҷикистон дар сомонаи мо дар гӯшаи – Робитаҳои муфид қобили дарёфт аст.