Ҳазорон оилаҳои тоҷикистониён аллакай муддати на як даҳсола аст, ки мардони худро аз Русия интизоранд. Барои вохӯрӣ бо чанде аз намояндагони ин оилаҳо ба сӯи шаҳри Ваҳдат роҳ пеш гирифтем. Дар ин шаҳр аллакай насли дуюми муҳоҷирон зиндагӣ карда, аксарияти сокинонаш бар ин назаранд, ки агар падар, шавҳар ё писари хонадон дар Русия кор карда истода бошад, пас ин оила аз хӯрдану пӯшидан танқисӣ надорад.
Бино ба маълумоти ВКД Русия, айни замон беш аз 1,1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ҳузур доранд, ки зиёда аз 600 ҳазор нафарашон муҳоҷирони корианд.
Ризқрасони ягона
Писари хонаводаи Шариповҳо – Шодмони 26-сола чанде қабл боз ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт. Барои таҳсил имкон надошт, аз ин рӯ, баъди хизмати ҳарбӣ роҳ сӯи Русия пеш гирифт.
Модари ӯ Гулбибӣ ҳамеша бо қалби озурда писарашро ба Русия гусел мекунад. Замони даргузашти саробони хонадон Шодмон ҳоло хурдсол буд. Вақте ба воя расид, ҳамчун писари калони хонадон ӯро лозим омад, ки масъулияти тамъини рӯзгори оиларо ба дӯш гирад.
«Ман аллакай пир шуда, дигар кор карда наметавонам, ҳамаи умедам ба фарзандонам аст», – мегӯяд модари Шодмон.
«Ба туфайли пулҳои коркардаи ӯ дар Русия мо ду хоҳарашро хонадор кардем. Баъди марги шавҳарам ду писару чор духтар ба тарбияи ман монданд. Писаронам он замон хурдсол буданд, барои ба воя расонидани онҳо ҳар чизи аз дастам меомадаро кардам», – мегӯяд Гулбибӣ.
Бори нахуст Шодмон дар синни 21-солагӣ барои пулкоркунӣ бо маслиҳати шиносҳояш ба вилояти Свердловски Русия рафта, сипас дар шаҳрҳои Иркутску Тюмен ва Санкт-Петербург низ бахти худро санҷид, вале пули зиёде ба даст оварда натавонист.

Модари Шодмон ҳамеша дар интизори дидори фарзандаш аст
«Танҳо дар сафари аввал пули хуб кор кард. Айни замон пулҳое, ки мефиристад, танҳо ба хӯрок мерасаду халос. Ҳозир ӯ ба сифати кондуктор кор мекунад. Дигар коре набудааст, вале ҳамеша кори хуб ҷустуҷӯ дорад», – қисса мекунад модари муҳоҷир.
Худи Шодмон тариқи телефон дар шарҳи ин вазъ гуфт, чанд соли охир коркунӣ душвор аст, ҳама ҷо тафтиш. Ҳатто агар ҳуҷҷатҳо дурусту тахт бошанд ҳам, кори хуб ёфтан мушкил аст, бахусус дар давраи баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия хеле душвор будааст.
«Мехостам дар зодгоҳам кор кунам, вале дар шаҳри Ваҳдат кор нест. Кӯшиш кардам, лекин дар як рӯз ҳамагӣ 20-30 сомонӣ кор кардан мумкин аст, ки ҳатто барои оилаи хурд ҳам хеле кам аст. Дар Русия ҳам бори охир ман 4 моҳ кор кофтам», – шарҳ медиҳад ӯ.
Соҳибхоназан роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт
Аксари занон баъди пошхӯрии оила муҳоҷиратро ихтиёр мекунанд. Вақте мушкили тарбияву ба воя расонидани фарзандон ва бо манзил таъмин будани онҳо пеш омад, занони тоҷик ба ҳар гуна шароити кор дар кишвари бегона сабру тоқат пеша мекунанд.
Сокини 28-солаи Ваҳдат Ҳангома Холова яке аз чунин занон аст, ки барои таъмини рӯзгори ду фарзандаш ва харидани ҳадди ақал як манзили якҳуҷрагӣ ба Русия рафта, кӯдаконашро назди модараш гузошт.
Муддати беш аз як сол аст, ки бо фарзандонаш танҳо тариқи телефон гап мезанад.

Модари Ҳангома аз як сол аст ки духтарашро надидааст ва аз вазъи саломатии ӯ ташвиш мекашад
«Ҳангома аз соати 4-и субҳ то 7-и шом дар як фурӯшгоҳи пухтупази санбӯсаву пирожки ва шаурма кор мекунад. Вақте бо телефон гап мезанем, мегӯяд, ки хеле хаста мешавад, лекин чӣ илоҷ? Кор карда, ба мо пул мефиристад. Падари набераҳоям тамоман кумак намекунад, фаромӯш кардааст, ки фарзанд дорад», – шикоят мекунад Зулайхо, модари Ҳангома.
Ӯ умедвор аст, ки ин рӯзҳои мушкил паси сар шуда, боре духтараш ба хона меояд ва дигар азми сафар нахоҳад кард, ҳарчанд ба хубӣ мефаҳмад, ки дар шароити ҳозира кор доштани духтараш дар Русия наҷоти оила мебошад.
Тамоми умр дар муҳоҷират
Нозукиҳои муҳоҷиратро Саъдулло Маҷидов ҳанӯз солҳои душвори 90-уми асри гузашта омӯхта, бо таҷрибаи 20-солааш ҳамеша ба ҳамдиёрони худ дар ин самт маслиҳатҳои муфид медиҳад.
«Ба туфайли корам дар Русия манзил дораму рӯзгори фарзандонам таъмин буда, ҳамсарам қаноатманд аст», – мегӯяд ӯ ба мо тариқи телефон.
Мард дар яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Тюмен ба сифати идоракунандаи кран (кранчӣ) кор карда, аз шароити кораш шикоят надорад ва мегӯяд, «муҳимаш ҳуҷҷатҳо дуруст бошанд».
Ҳамсари ӯ Манзалат ҳар рӯз бо шавҳараш гап зада, мушкилоти рӯзмарраро баррасӣ мекунанд ва гоҳе ба ин васила ӯ ба фарзандонаш дар тайёр кардани дарсҳо кумак мекунад. Дар паҳлӯяш набудани шавҳар муддати тӯлонӣ, албатта Маназалатро мушаввашу хотирпарешон месозад, лекин дигар илоҷ нест, аз ин рӯ, сабру тоқат лозим меояд.
«Ӯ аз соли 1998 дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, аз ҳисоби маблағҳои коркардаи шавҳар хона харидем. Писари калониашон дар яке аз мактабҳои олии Русия таҳсил дошта, барои ин ҳам пул лозим аст ва падар мудом ба ӯ кумак мекунад», – мегӯяд зан.
Ӯро лозим омад, ки мудом дар интизории шавҳараш бошад ва амалан 20 сол аст, ки тарбияву ба воя расонидани чор фарзанд танҳо ба дӯши худаш аст.
«Фарзандон аз меҳру муҳаббати падар маҳруманд. Албатта, ин барои онҳо бетаъсир намегузарад. Вақте фарзанди нахустинамон 4-моҳа буд, падараш ба пулкоркунӣ рафта, дубора танҳо дар синни 2,5-солагиаш ба дидори ӯ расид. Ӯ ба воя расидани фарзандонашро намебинад, суханони аввалини онҳоро намешунавад, дар роҳгардиро ёд гирифтани онҳо ҳамроҳашон нест. Албатта, хуб аст, ки ӯ дар Русия бо кор таъмин буда, ба мо пул мефиристад, лекин аз дигар меҳру муҳаббат ва дидору паҳлӯи мо будани саробони хонадон мо маҳрумем», – мегӯяд зан.
Ӯ умедвор аст, ки оянда фарзандонаш соҳиби маълумоту кор шуда, шавҳараш ба хона бармегардад ва боқимоандаи умрашро ба тарбияи оилаву набераҳо мегузаронад.