ВКД Русия лоиҳаи қарори ҳукумати кишварро, ки қоидаҳои қайди муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро дақиқ мекунад, таҳия намуд. Ҳуҷҷат дар портали лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ нашр шудааст, менависад «Парламентская газета».
Аз ҷумла, ба қоидаҳо номгӯи ҳуҷҷатҳое илова мешаванд, ки хориҷӣ – шаҳрванди кишвари Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё онҳоро бояд барои ба қайд гузоштан дар макони будубош пешниҳод намояд.
Ғайр аз ин, ба қоидаҳои пур кардани варақаҳои огоҳинома дар бораи ба қаламрави Русия омадан низ тағйирот ворид мегардад. Пешниҳод мешавад, ки ба истифодаи шаклҳои ихтисоршудаи калимаву ибораҳо зимни пур кардани он иҷоза дода шавад (масалан, ҳангоми зикри номи ташкилоти қабулкунанда).
Ғайр аз ин, дар мавриди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо зимни хабар додан дар бораи ворид шудан талабот камтар мешавад. Ин ба нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дахл дорад.
Ҳамчунин ба расмиёти марбут ба пешниҳоди огоҳиномаи ворид шудани шаҳрванди хориҷӣ низ тағйирот ворид мегардад (онро метавон натанҳо ба мақомоти минтақавии ВКД, балки тариқи Маркази бисёрсоҳавӣ низ пешниҳjд намуд).
Илова бар ин, ба қайд гузоштани шаҳрванди хориҷии дар Русия таваллудшуда низ осонтар мешавад. Барои ин акнун пешниҳод корти муҳоҷират лозим набуда, танҳо шаҳодатномаи таваллуд кофист.
Қарор дар доираи иҷрои қонуни федералӣ аз 27 июни соли 2018 оид ба тағйирот ба Қонун “Дар бораи қайди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия” омода шудааст.
Қонун ба мафҳуми қайди муҳоҷират равшанӣ андохта, макони будубошро муқаррар мекунад ва ҳамчунин асосҳо барои қайди шаҳрвандони хориҷӣ дар макони ҳузурро саҳеҳ месозад. Аз ҷумла, мафҳумҳое чун “ҷониби қабулкунанда” ва “макони будубоши шаҳрванди хориҷӣ” саҳеҳ ифода меёбад.