Мехоҳед аз «рӯйхати сиёҳ»-и ХФМ хориҷ шавед? Пас ба навиштаҳои зер таваҷҷуҳ фармоед
Манъи ворид шудан ба Россия чӣ маъно дорад?
Манъи ворид шудан ба Россия қайд дар пойгоҳи Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ) дар бораи иҷозат надодани вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба қаламрави Федератсияи Россия мебошад. Манъи вуруд ба сифати чора нисбати қонуншикании шаҳрванди хориҷӣ замони ҳузураш дар Россия ҷорӣ карда мешавад.
Манъи ворид шудан ба ФР нисбати шаҳрвандони хориҷие ҷорӣ мешавад, ки чандин маротиба қонунгузории Россияро вайрон кардаанд ё дар бахши муҳоҷират ба қонуншиканӣ роҳ додаанд.
Дар ҳамин ҳол, манъи вуруд ба хориҷиён чораи муваққатии муҷозот буда, муҳлати манъи вуруд вобаста ба сатҳи сабукӣ ё вазнинии ҷиноят аз чанд моҳ то 10 солро ташкил дода метавонад. Қарори манъи вуруд ба ФР ниҳоӣ набуда, аз болои он метавон ба суд шикоят кард.
Манъи вурудро ХФМ Россия бо якчанд сабабҳо ҷорӣ карда метавонад. Дар ҳамин ҳол, имкон дорад, ки шаҳрванди хориҷӣ манъи вуруди худро надонад, ки ворид шудан ба қаламрави ин кишвар ба ӯ манъ аст, зеро фиристодани огоҳинома доир ба манъи вуруд ба Россия пешбинӣ нашудааст ва мақомоти ХФМ хориҷиёнро дар ин бора огоҳ намекунанд.
Аксар вақт дар бораи манъи ворид шудан ба Россия шаҳрвнадони ИДМ ва дигар кишварҳо мустақиман дар сарҳад бо ФР хабардор мешаванд, замоне ки онҳо сарҳадро гузаштанӣ шуда, баъди будубоши начандон тӯлонӣ дар кишвари дигар боз ба қаламрави ФР баргаштанӣ мешаванд.
Агар вуҷуд доштани манъ ба ворид шудан дар сарҳад муайян шавад, ба шаҳрванди хориҷӣ дигар илоҷе намемонад, ки ба хонааш баргардад, дар ин ҳолат чизеро тағйир додан ғайриимкон аст.
Кӣ манъи ворид шудан ба қаламрави Россияро ҷорӣ мекунад
Ба ҷорӣ кардани манъи ворид шудани хориҷиён ба қаламрави Россия якчанд мақомоти давлатӣ ҳуқуқ доранд, дар навбати аввал Хадамоти федералии муҳоҷират.
Номгӯи пурраи мақомоту идораҳое, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ манъи вуруд ба Россияро ҷорӣ карда метавонанд:
- ВКД Россия
- Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Россия.
- Хадамоти федералии амният (ХФА)-и Россия
- Вазорати мудофиаи Россия
- Мониторинги молиявии Россия
- Хадамотҳои иктишофии хориҷии Россия
- Вазорати адлияи Россия
- Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Россия
- Хадамоти федералии Федератсияи Россия оид ба назорати маводи нашъаовари ФР
- Нозироти истеъмоли Россия (Роспотребнадзор)
- Агентии федералии тиббиву биологии Россия
Қарори манъи ворид шудан бар асоси тартиботи дар муқаррарот (регламентҳо)-и вазорату идораҳо зикршуда қабул мешавад.
Сабаб ва асосҳои манъи ворид шудан ба Россия
Сабабҳои манъи ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ ба ФР хеле гуногун буда метавонанд, зеро дар қонунгузории Россия номгӯи васеи асосҳо барои ба шаҳрванд гузоштани қайди манъи ворид шудан ба Россия вуҷуд дорад.
Бо қонуни N 114-ФЗ «Дар бораи тартиби хориҷ шудан аз Федератсияи Россия ва ворид шудан ба Федератсияи Россия» муфассалтар бо ин суроға шинос шуда метавонед.
Дар ҳамин ҳол, сабабҳои бештар маъмули манъи вуруд аз нигоҳи аввал начандон қонуншиканиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд, аммо қайд дар бораи манъи вуруд метавонад дар ҳолатҳои зерин гузошта шавад:
- Агар шаҳрванди хориҷӣ муҳлатҳои мувофиқи қонун муқарраршуда дар бораи будубошро вайрон карда, саривақт қаламрави кишварро тарк накардааст ва дар қаламрави Россия дар давраи аз 1 то 90 рӯз ҳузур (таъхир) доштааст. Дар ин ҳолат ворид шудани ӯ ба қаламрави Россия ба муҳлати се сол манъ мешавад. Агар ба муддати то 180 рӯз таъхир кунад, – вурудаш ба муҳлати 5 сол ва дар сурати таъхири 270 рӯз – вурудаш ба 20 сол манъ мешавад. Ба сифати асоси манъи вуруд ба қаламрави Россия дар ин ҳолат вайрон кардани тартиби будубош дар кишвар ба инобат гирифта мешавад;
- Агар шаҳрванди хориҷӣ пардохти маблағи патентро ба таъхир андохта бошад ё андзоро аз рӯи ҳуҷҷату нишонии (реквизит) нодуруст пардохта бошад, пас патент ба таври автоматикӣ бекор ҳисобида мешавад, яъне шаҳрванди хориҷӣ аз кор маҳрум шуда, дар қаламрави Россия 90 рӯз қарор дошта бошад, аз рӯзи аввали боздошти амали патент будубош дар кишвар ғайриқонунӣ шуморида мешавад. Ҳузур дар қаламрави Россия бо патенти аллакай бекоршуда яке аз сабабҳои хеле зиёд паҳншудаи манъи ворид шудан ба Россия мебошад;
- Агар шаҳрванди хориҷӣ чандин маротиба (2 бор ва зиёда аз он) ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда бошад, аз ҷумла барои қонуншиканиҳои сабук, аз қабили саривақт ба расмият надаровардани қайди муваққатӣ, тамокукашӣ ё истеъмоли шароб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, равуои бебилет дар метро ё қатора ва ғайра;
- Агар шаҳрванди хориҷӣ дар бораи худаш ё мақсади сафараш ба Россия маълумоти бардурӯғ дода бошад, пас ба пойгоҳи ХФМ доир ба манъи вуруд қайд гузошта мешавад.
- Ҳамчунин шаҳрванди хориҷиро аз сарҳад бозмегардонанд, агар зимни гузаштан қоидаҳои гумрукӣ ё санитарӣ вайрон шуда бошад ва дар ин ҳолат то замони бартараф кардани ҳамаи қонуншиканиҳо вуруд манъ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, қайд дар бораи манъи вуруд бидуни шубҳа дар ҳолатҳои зерин гузошта мешавад:
- Агар замони будубоши пешина дар Россия нисбати шаҳрванди хориҷӣ расмиёти пайдо кардани ҳуқуқи дубора ҳузури қонунӣ (реадмиссия) анҷом нагирифта бошад, бар ин асос муҳлати манъи вуруд 3 сол муқаррар мешавад.
- Агар шаҳрванди хориҷӣ барои барқасдона содир намудани ҷиноят доғи судӣ дошта бошад, сарфи назар аз он ки ин ҷиноят дар куҷо содир гардида бошад, дар Россия ё берун аз ҳудуди он.
- Агар шаҳрванди хориҷӣ бастаи нопурраи ҳуҷҷатҳо барои раводидро пешниҳод карда бошад ё барои зиндагӣ дар кишвар маблағи кофӣ надорад.
- Агар шаҳрванди хориҷӣ аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода карда бошад ва дар бораи номақбул будани вуруди ӯ ба Россия қарор қабул шуда бошад. Масалан, кӯшиш шуда бошад, ки баъди хориҷ гардидан, бо шиносномаи қалбакӣ ба Россия сафар карданӣ шудааст.
- Агар шаҳрванди хориҷӣ аз пардохти андозу ҷарима саркашӣ карда бошад, ҳамчунин аз пардохти хароҷоти истирдод ҳангоми замони пешин дар ин ҷо ҳузур доштанаш даст кашида бошад.
- Агар шаҳрванди хориҷӣ ҳар нимсола бештар аз 90 рӯз дар қаламрави Россия ҳузур дошта бошад, пас бо ин асос вурудаш ба Россия ба муҳлати 3 сол манъ мешавад.
- Агар нисбати шаҳрванди хориҷӣ дар бораи истирдод, ихроҷ ё супурдан ба ихтиёри кишвари дигар бар асоси шартнома оид ба расмиёти дубора ҳузури қонунӣ (реадмиссия) қарор қабул шуда бошад, пас манъи вуруд ба муддати 5 сол амал мекунад. Агар чунин қарор чандин маротиба қабул шуда бошад, пас бо ин асос вуруд ба Россия ба муҳлати 10 сол манъ мешавад.
Пардохти маблағи истирдод (депортатсия) ё ихроҷ
Хориҷ кардан аз Россия сурат мегирад аз ҳисоби:
- Худи муҳоҷир;
- Ҷониби даъваткунанда, ки нисбати шаҳрванди хориҷӣ масъулият бар дӯш гирифтааст;
- Сафорати кишваре, ки аз он ҷо муҳоҷир омадааст;
- Ташкилотҳои ҷамъиятии гуногун;
- Воситаҳои буҷети Россия.
Истирдод аз ихроҷ чӣ фарқ дорад?
Инак, фарқҳои асосӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ:
- Истирдоди шаҳрвандони хориҷӣ аз Россия – воситаи таъсир ё тадбири давлатист, ихроҷ бошад, навъи ҷазо мебошад.
- Ихроҷ бар асоси қарори суд сурат мегирад, ки пеш аз он парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ мешавад. Қарор дар бораи истирдодро роҳбари ХФМ (аз моҳи апрели соли 2016 – Сарраёсати корҳои муҳоҷирати ВКД) қабул мекунад, ки барои содир шудани он танҳо як асос – ба ҳузур дар Россия ҳуқуқ надоштани шаҳрванди хориҷӣ кофӣ аст.
- Ҳалнома дар бораи истирдод дар муҳлати 5 рӯз ба иҷро мерасад, қарор дар бораи хориҷ шудан (ихроҷ) бошад, аз замони ҳукми қонунӣ гирифтани он.
- Шикоят ба суд дар муҳлатҳои гуногун имкон дорад. Барои шикоят аз болои ҳалномаи истирдод аз замони огоҳ шудани муҳоҷир аз он 3 моҳ муҳлат дода шуда, барои шикоят аз болои қарори ихроҷ 10 рӯз аз замони гирифтани нусхаи қарор.
Киро наметавон истирдод кард?
- Кормандони консулгарӣ ва дипломатӣ истирдод намешаванд. Гурезаҳо ва шаҳрвандони хориҷии нав муроҷиаткарда барои гирифтани мақоми гуреза, паноҳандагии муваққатӣ ё сиёсиро низ наметавон исрдод намуд.
- Истирдоди шахсони мақоми гурезаро гумкарда, ки бо сабабҳои ба онҳо новобаста ба ватан баргнашта наметавонанд, манъ аст: дар кишвари онҳо гурсунагиву эпидемия ҳукмфармост, амалиёти ҷангӣ ҷараён дорад, зимни бозгашт ба ҳаёт ва саломатӣ хатар вуҷуд дорад, онҳо аз лиҳози динӣ, нажодӣ ё сиёсӣ мавриди таъқиб қарор доранд.
Манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Россияро чӣ гуна метавон санҷид
Аксарият савол медиҳанд, ки чӣ гуна метавон мустақилона манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Россияро бисанҷид, то ки дар сарҳад ба ҳолати ногувор наафтӣ?
Дар ин қисмати мақола мо муфассал тарзи фаҳмидани вуҷуд доштан ё надоштани манъи вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Россияро баррасӣ мекунем.
Айни замон санҷиши манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Россия бо ду тарз имконпазир аст: онлайн ва бо дархост ба ХФМ (акнун – Сарраёсати корҳои муҳоҷирати ВКД – СКМ ВКД).
Санҷиши онлайни манъи вуруд ба Россия дар сомонаи расмии ХФМ
Бо сабаби аз 05.05.2016 сол дигар кор накардани сомонаи расмии ХФМ, барои санҷидани манъи вуруд ба Россия сомонаи СКМ ВКД дастрас аст.
Дар ин бахши сомонаи СКМ ВКД шаҳрванди хориҷӣ метавонад муайян кунад, ки дар рӯйхати шахсони вурудашон манъ ба қаламрави Россия ному насабаш зикр шудааст ё не.
Дар сомонаи расмии СКМ ВКД (Раёсати ХФМ) санҷиши манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ баъди пур кардани майдонҳои зарурии шакли пешниҳодшуда ба таври апвтоматӣ иҷро карда мешавад.
Санҷиши расмии манъи вуруд ба ФР тариқи ХФМ
Барои санҷиши манъи вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Россия ва гирифтани маълумоти расмии муҳим аз нигоҳи ҳуқуқӣ, истифодаи тарзи бештар боэътимоди санҷиш ва муроҷиат бо дархости расмӣ ба воҳиди минтақавии ХФМ Россия тавсия дода мешавад.
Барои пешниҳоди дархост ба ХФМ дар бораи манъи вуруд шаҳрванди хориҷӣ бояд шахсан ё ба воситаи намояндаи вакодатдори худ бо навиштани ариза дар бораи пешниҳоди маълумот доир ба мавҷуд будани манъи вуруд ва сабабҳои он муроҷиат намояд.
Дар дархост барои пешниҳоди маълумот доир ба манъи вуруд ба Россия бояд маълумоти шахсии шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла ФННП, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, ҷинс (маълумоти бо ситораҷа ишорашуда дар сомонаи ХФМ) зикр гардида бошад.
Хадамоти муҳоҷират бояд дар муддати 10 шабонарӯз аз замони қабули дархост ҷавоб диҳад. Ҷавоб ба дархост доир ба мавҷуд будан ё набудани манъи вуруд ва сабабҳои он ба шаҳрванд дар шакли хаттӣ фиристода мешавад.
Оё метавон манъи вуруд ба Россияро бекор кард?
Хушбахтона, манъи вуруд ба Россияро метавон бекор кард, лекин мутаассифона, на дар ҳама ҳолатҳо. Масалан, метавон манъи вурудро ба воситаи Раёсати ХФМ бекор кард, лекин манъи вуруд агар аз ҷониби Хадамоти федералии амният ҷорӣ шуда бошад, бекор кардани он қариб ғайриимкон аст.
Бекор кардани манъи вуруд ба Россия танҳо бо қарори суди Россия амалӣ мешавад, аз ин рӯ, барои дубора пайдо кардани дастрасӣ ба қаламрави Россия, пешниҳоди аризаи шикоятӣ дар бораи бекор кардани манъи вуруд ба ФР зарур аст.
Аммо дар баъзе ҳолатҳо манъи вуруд ба Россияро Хадамоти федаралдии муҳоҷират ҳам бекор карда метавонад.
Дар зер мо асос ва тартибу қоидаҳои бекор кардани манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Россияро баррасӣ мекунем.
Чӣ тавр манъи вуруд ба Россия бекор мешавад: асоси бекор кардани манъи вуруд
Асосҳои бештар маъмули бекор кардани манъи вуруд ба Россия, ки ба туфайли онҳо шаҳрванди хориҷӣ метавонад барои худ ҳуқуқи вуруд ба Россияро ба даст орад:
- Шаҳрванд дар Россия хешовандони наздике дорад, ки шаҳрванди ФР мебошанд. Ба ин гурӯҳи шахсон ҳамсарон, волидон ва кӯдакони қонунӣ таваллудёфта мансубанд. Ҳамчунин манъи вурудро тариқи суд метавон бекор кард, дар ҳолатҳои шаҳрванди Россия будани бародарон, хоҳарон, бибиҳо ва бобоҳо, аммо барои ин исботи далели зиндагии якҷоя, нафақахӯрӣ (саробонӣ) ва ғайра лозим аст. Ғайр аз ин, агар хеши наздик шаҳрванди Русия набошад ҳам, вале иҷозати иқомат дар он дошта бошад, барои бекор кардани манъи вуруд низ метавон кӯшиш ба харҷ дод.
- Дар сурате ки агар шаҳрванди хориҷӣ фаъолияташро тибқи патенти корӣ ё иҷозат барои кор амалӣ кунад, ХФМ метавонад манъи вуруд ба Россияро бекор намояд. Бекор шудани манъи вуруд дар сурате амалӣ мегардад, ки агар қонуншиканиҳо дар давраи амали патент содир шуда бошанд ва дар ҳоли саривақт дубора бақайдгирии патент ва пардохти маблағи он.
- Ҳамчунин манъи вуруд бекор шуда метавонад, агар шаҳрванди хориҷӣ барои иқомат иҷоза дошта бошад ё барои зиндагии муваққатӣ дар Россия иҷоза дошта бошад.
- Зарурати муолиҷаи таъҷилӣ низ барои бекор кардани манъи вуруд ба Росия асос шуда метавонад.
- Таҳсил дар муассиссаи таълимии Россия, ки қайди давлатӣ дорад, низ асос барои бекор кардани манъи вуруд шуморида мешавад.