Чанде аз минтақаҳои Русия ба истифодаи таҷрибаи маҳдудияти шуғл барои муҳоҷирон ҷиҳати кам кардани шумори онҳо идома медиҳанд. Ба роҳбарони минтақаҳо ҳуқуқ дода шудааст, ки мустақилона соҳаҳоеро интихоб намоянд, ки ба ақидаи онҳо, кори муҳоҷирон дар онҳо номатлуб аст. Ин танҳо ба касоне дахл дорад, ки мувофиқи патент кор мекунанд, лекин агар шумо шаҳрванди кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) бошед, ҳамчунин Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дошта бошед, ин манъкуниҳо ба шумо дахл нахоҳанд кард.
То охири соли 2018 дар ҳафт минтақаи Русия шумори соҳаҳое, ки барои муҳоҷирони дорои патент кор дар онҳо манъ аст, зиёд шуда, ҳамин тариқ бахши хусусиро уҳдадор карданд, ки онҳоро ба кор қабул накунанд. Дар сурати риоя нашудани ин муқаррарот, корфармоҳоро ҷарима интизор аст.
Ҳамаи қарорҳои роҳбарони ин минтақаҳо дар портали Маълумоти ҳуқуқӣ нашр шудааст:
Дар кишвари Камчатка соли 2019 дар 13 соҳаҳои фаъолият кор ба муҳоҷирон манъ шудааст, аз ҷумла дар бахши истеҳсоли оби ҷав (пиво), шир ва маҳсулоти ширӣ, кор дар соҳаи маориф ва ғайра.
Дар вилояти Челябинск имсол ба муҳоҷирон кор дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла рондани нақлиёти ҷамъиятӣ – автобус ва таксиҳо манъ шуд.
Дар Сахалин манъи кори муҳоҷирон дар 14 соҳа, аз қабили истеҳсоли нону маснӯоти қаннодӣ, соҳаи маориф, ҳамлу нақли борҳои хатарнок, рондани нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ ҷорӣ шуд.
Дар Ҷумҳурии Олтой кор ба муҳоҷирон дар соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ, бахши савдои машрубот ва маснӯоти тамоку, ҳамчунин соҳаи нақлиёт манъ гардид.
Дар вилояти Воронеж акнун муҳоҷирон ба кор дар агентиҳои таъмин бо ҷойи кор роҳ дода намешаванд.
Дар Забайкале муҳоҷирон дигар дар соҳаҳое чун кашонидани мусофирон кор дарёфт карда наметавонанд.
Муҳоҷирони муқими Твер аз ин ба баъд дар бахши ҳамлу нақли молу маҳсулот ва мусофирон, коркард ва консерватсия кардани сабзавоту мева, савдои яклухту чакана кор карда наметавонанд.
Дар сурати аз ҷониби корхонаву ташкилот ва ширкатҳо риоя нашудани манъи муқарраршуда оид ба ҷалби коргарони хориҷии дорои патент, онҳо мувофиқи қисми 1, моддаи 18.17-и КҲМ ФР ба чавбгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Маҳдудиятҳои зикршуда танҳо ба он шаҳрвандони хориҷие дахл доранд, ки бар асоси патент дар Русия кор мекунанд.Ин маҳдудиятҳо дар мавриди шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), ҳамчунин хориҷиёни дорои иҷозаи кор, Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ), Иҷозаи зисти муваққатӣ РВП), шаҳодатномаи паноҳанда, шаҳодатномаи иштирокчии Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия амал намекунанд.