Нимаи аввали соли равон муҳоҷирати шаҳрвандон аз Тоҷикистон 19 фоиз афзуд. Ҳамватанони мо ба ҷуз Русия, алҳол интихоби дигаре надоранд.
Бо Ҷумҳурии Корея алҳол гуфтушунидҳо ҷараён доранд, аммо дар ин кишвар ба мисли Русия чунин миқдори ҷойи корӣ барои ҳамватанони мо нест.
Бо Қатар дар ин хусус созишнома ба имзо расида, аммо дар сохтмони иншооти Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар ин кишвар соли 2022 коргарон аз кишварҳои Осиёи Чанубу Шарқӣ ба кор машғуланд.
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки Қатар муҳоҷирони тоҷикро ба кор дар бахшҳои хизматрасонӣ, кор дар меҳмонхонаҳо, бахши алоқа, посбонӣ ва хизматрасонӣ ба воситаҳои нақлиёт ҷалб карда метавонад.
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Эмин Сангинзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки нимаи аввали соли равон беш аз 300 ҳазор нафар баҳри даёфти кор ҷумҳуриро тарк намудаанд, ки беш аз 40 ҳазор нафарро занон ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 49 ҳазор ё худ 19 фоиз зиёдтар мебошад.
Бино ба гуфтаи муовини вазир, тоҷикистониён асосан Русия (зиёда аз 293 ҳазор нафар) ва Қазоқистон (5,5 ҳазор нафар)-ро кишвари муҳоҷирату кор интихоб кардаанд.
Дар баробари ин, дар ин давра каме бештар аз 188 ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан баргаштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз камтар аст.
Тоҷикон ба Қатар рафтан намехоҳанд
Моҳи феврали соли 2019 байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қатар дар бораи танзими захираҳои меҳнатӣ лоиҳаи Созишнома ба имзо расид.
Моҳи апрели соли ҷорӣ зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Русия дар бораи сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия низ созишнома ба имзо расид.
Айни замон ҳарду ин созишномаи зикршуда дар марҳилаи анҷоми расмиёти дохилидавлтӣ оид ба тасдиқи онҳо қарор доранд.
Дар робита ба масъалаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Қатар ва шароитҳои кору зиндагӣ дар он Сангинзода изҳор намуд, ки “он ҷо хеле гарму намнок аст”.
“Айни замон дар Қатар сохтмони иншоот барои баргузор намудани мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022 ҷараён дорад, – гуфт ӯ. – Шароити иқлими он ҷо монанди мо нест, аз ин рӯ, муҳоҷирони моро даъват намекунанд. Аз ҷониби дигар, маоши миёна дар он ҷо барои муҳоҷирони сохтмончӣ ба ҳисоби миёна на бештар 350 долларро ташкил медиҳад, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон қобили қабул нест”.
Аз ҷониби дигар, ба қавли номбурда, Қатар ба ҷалби тоҷикистониён ба кор дар бахшҳои хизматрасонӣ, нақлиёт, посбонӣ ва соҳаи IT-технология бештар ҳавасманд аст.