Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вурудашон ба Русия манъ аст, ба беш аз 250 ҳазор нафар расид. Ҳуқуқшиносон, ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқ ва рӯзноманигорон зимни суҳбат бо муҳоҷирони вурудашон манъ тез-тез чунин изҳоротро мешунаванд: “намедонам, ки барои чӣ маро ихроҷу вурудамро манъ карданд”; “ман ба хона омада, вақте ки дубора рафтанӣ шудам, дар сарҳад маро иҷозаи убур надоданд” ва ғайраву ҳоказо. Мо тасмим гирифтем, ки дар бораи сабабҳои ихроҷ ва манъи вуруд дастурамали начандон бузурге таҳия намоем.
Албатта, сабабҳои ихроҷ ва манъи вуруди шумо ба Русия гуногун буда метавонанд, лекин мо ассосиашро зикр мекунем. Бубинед, оё шумо кадоме аз ин қоидаҳоро вайрон намекунед?
Дар хотир дошта бошед, ки қарори манъи вуруди ин ё он шаҳрванди хориҷӣ натанҳо аз ҷониби ВКД Русия, балки бисёре аз дигар аз мақомот низ қабул мешавад. Масалан, манъи вурудро аз ҷониби Хадамоти федералии амният, Вазорати мудофиа ё Вазорати корҳои хориҷии Русия наметавон тариқи онлайн санҷид. Аз ин рӯ, санҷиши маълумот дар бораи манъи вуруд дар сомонаи ВКД ФР на ҳамеша дурст буда метавонад, зеро ин мақомот танҳо шахсонеро зикр мекунад, ки бо қарори ин ниҳод вурудашон манъ шудааст.
Бо дигар маводи мо низ дар ин бора шинос шуда метавонед:
Ба Шумо вуруд ба Русияро манъ карданд?
Манъи вурудро чӣ гуна метавон бекор кард?
Дар маводи дар боло зикршуда доир ба сабабҳои ихроҷу манъи вуруд, роҳу воситаҳои дарёфти ҳалли мушкилот дар ин хусус маълумоти зарурӣ дода мешавад.

Imprimir