Ду сол пеш 58%-и аҳолии Русия чунин ақида дошта, акнун ин нишондиҳанда ба 70% расидааст.
Қариб 72%-и аҳолии Русия бар ин назаранд, ки ҳукуматдорони Русия бояд вуруди шаҳрвандони хориҷиеро, ки барои пулкоркунӣ ба Русия меоянд, маҳдуд созанд.
Чунин аст натиҷаҳои назарсанҷии ҷомеашиносии “Левада-центр”. Дар ин бора “Интерфакс” хабар медиҳад.
Танҳо 9%-и пурсидашудагон (ҳар як даҳум русиягӣ) ақидаи ба ин мухолиф доранд. Боз 15%-и онҳо ба сиёсати муҳоҷирати ҳукуматдорон таваҷҷуҳе надоранд.
Маълумоти назарсанҷӣ гувоҳи афзоиши шумори шаҳрвандонест, ки вуруди қувваи кории хориҷиро хуш надоранд. Ҳамин тариқ, моҳи июли соли 2017 – 58%-и русиягиҳо чунин ақида дошта, баъди як сол шумори онҳо ба 67% расидааст.
Ғайр аз ин, назарпурсӣ аз коҳиши шумори русиягиҳое, ки мусоидат ба вуруди муҳоҷирони кориро ба кишвар муфид медонанд, низ шаҳодат медиҳад: соли гузашта 14%-и пурсидашудагон чунин назар доштанд.
Таҳқиқот ҳамчунин нишон дод, ки шумори шаҳрвандоне, ки ба сиёсати муҳоҷирати ҳукуматдорон таваҷҷуҳе надоштанд, тайи ду соли охир ду баробар кам шудааст: моҳи июли соли 2017 сафи бетарафон 30%-ро ташкил дода буд.
Назарсанҷии умумирусиягӣ рӯзҳои 22-28-уми августи соли 2019 байни 1608 нафар аҳолии синни аз 18-сола ва болотар аз он гузаронида шуд.
Мувофиқи маълумоти СММ, айни замон шумори муҳоҷирон дар саросари ҷаҳон ба 272 млн. нафар расидааст. Соли 2019 муҳоҷирони байнулмилалӣ аз ҳама бештар дар Аврупо – 82 млн. нафар ба қайд гирифта шуда, шумори онҳо дар Амрикои Шимолӣ – 59 млн., Африқои Шимолӣ – ва Осиёи Ғарбӣ – 49 млн. нафарро ташкил медиҳад.