Ба мушоҳида мерасад, ки аз “сабуктар” шудани сиёсати муҳоҷирати Русия натиҷаҳои возеҳу аён ҳосил мешавад: айни замон дар ин кишвар аллакай 12 млн. нафар шаҳрвандони хориҷӣ кору зиндагӣ мекунанд, ки 8 фоиз аз шумори умумии аҳолии Русия аст. Яъне ҳар як нафари 12-уми сокини Русия муҳоҷир мебошад, қайд мешавад дар маводи шабакаи телевизиони Царьград.
Соли 2019 Русия шумори аз ҳама бештари қувваи кориро аз дигар кишварҳо қабул мекунад. Давоми моҳҳои январ-июли соли 2019 шумори афзоиши аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷират 153 ҳазору 912 нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёдтар буда, нишондиҳандаи баландтарин тайи 10 соли охир арзёбӣ мешавад.
Елена Егорова, корманди Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов гуфтааст, аксари муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ – Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Украина, Арманистон ва аз давлатҳои хориҷи дур – аз Чин, Сербия ва Сурия ба Русия омада, дар ҳамин ҳол, шумори квота ва иҷозатнома барои кор дар Русия ба онҳо кам мешавад. Квота ва иҷозатномаҳоро бештар шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳои Аврупо, ки тахассуси балндтар доранд, мегиранд.
Корфармоҳо дар Русия моиланд, ки ба кор бештар муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Миёнаро гиранд, чунки онҳо масъулияти бештар доранду инчунин анҷоми расмиёти қабули онҳо ба кор осонтар мебошад.
Маълумоти расмие, ки ба Царьград дар ВКД Русия додаанд, гувоҳи он аст, ки муҳщоҷирон дар Русия зиёдтаранд – аз моҳи январ то август 13 млн. нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гузошта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 миллион нафар зиёдтар аст.
Қобили зикр аст, ки имсол қариб 1,3 млн. нафари ба кишвар омадагон патенти кор, 221 ҳазор нафар шаҳрвандии Русия, 156 ҳазор нафар – иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ва 122 ҳазор нафар – ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) гирифтаанд.
Қаблан зимни суханронӣ назди вакилони Думаи давлатӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) Татяна Москалкова изҳор дошта буд, ки “муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилоти ҷиддӣ эҷод месозад” ва инро бо ин сабаб низ чунин маънидод карда буд, ки тибқи маълумоти гуногуни коршиносон, дар Русия то 8-10 млн. нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ қарор доранд.
Бино ба маълумоти ВКД, соли гузашта мақомоти пулис дар меҳмонхонаву хобгоҳҳо, бозору майдони сохтмон ва дигар ҷойҳои танҳо шаҳри Маскав 15 ҳазор рейд гузаронидааст.
Беш аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, дар бораи ихроҷи чунин муҳоҷирон аз қаламрави кишвар судҳо 9 ҳазор қарор содир кардаанд. Ба боз 33 ҳазор нафар вуруд ба қаламрави Русия ба муҳлатҳои гуногун манъ шудааст.
Соли гузашта аз ҷониби муҳоҷирон, асосан шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои узви ИДМ омадаанд, ҳудуди 38,5 ҳазор ҷиноят содир шудааст.
Соли 2019 дар ин самт тағйироти ҷиддие сурат нагирифтааст, ҳарчанд Прокуратураи генералии Русия дар маҷмӯъ ба то 11% коҳиши шумори ҷиноятҳоро аз ҷониби муҳоҷирон қайд мекунад: онҳо аллакай беш аз 24 ҳазор амалҳои ҷиноятӣ содир кардаанд.
Чунин бармеояд, ки Русияро мавҷи нави муҳоҷират интизор аст: тавре қаблан Царьград хабар дода буд, ба ин омил соддатар шудани сиёсати муҳоҷирати кишвар мусоидат хоҳад кард, ки барои ислоҳи вазъи демографӣ солҳои наздик маҳз ба вуруди муҳоҷирон аз дигар кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.